Душанбе, 23 ноябр 2026
Сиёсат

Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд

Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ки 18-19 ноябр дар шаҳри  Манилаи Ҷумҳурии  Филиппин баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Филипин дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт доир гардид.

Дар конфронс масъалаҳои такмили механизмҳои давлатии ҳифзи ноболиғон, солимии равонии кӯдакон ва наврасон, амнияти рақамӣ, ҳамкории байни шуъбаю бахшҳо ва маблағгузории дарозмуддат барои ҳифзи ноболиғон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону наврасон мақоми хосса дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то  охири соли 2028  системаи ягона ва муассири рақамиро барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон таҳия созад. Ҳамчунин  дар назар аст, ки ҷониби Тоҷикистон то соли 2030 татбиқи пурра ва босифати  Барномаи миллии ислоҳоти низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро анҷом диҳад.

Конфронс ба платформаи табодули таҷриба ва шарикӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, аз ҷумла ҳадаф оид ба барҳам додани ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон табдил ёфт.

Дар доираи конфронс Дилрабо Мансурӣ бо муовини директори  Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид,  намояндагии Бонки Осиёии рушд, роҳбари кулли Бонки ҷаҳонӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ мулоқот анҷом дода, дурнамои ҳамкориро бо ин созмонҳои бонуфуз баррасӣ намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj