Вторник, 24 ноября 2026
Спорт

Федератсияи бокси Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилоти байналмилалии World Boxing гардид!

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Федератсияи бокси Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилоти байналмилалии World Boxing гардид!

20 ноябри соли 2026 дар шаҳри Панамаи Ҷумҳурии Панама, зимни Конгресси навбатии ташкилоти байналмилалии World Boxing, масъалаи додани мақоми узви комилҳуқуқ ба Федератсияи бокси Тоҷикистон мавриди овоздиҳӣ қарор гирифт.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ вакилони Конгресс пешниҳоди узвияти комилҳуқуқи Федератсияи бокси Тоҷикистонро якдилона ҷонибдорӣ карданд.

Ин қарори таърихӣ саҳифаи наверо дар рушди бокси кишвар боз намуда, аз эътимоди ҷомеаи байналмилалии бокс ба Федератсияи бокси Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Ба даст овардани мақоми узви комилҳуқуқ (Full Member) мавқеи Тоҷикистонро дар бокси олимпии байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам намуда, имкониятҳои иштироки кишварро дар фаъолияти World Boxing васеъ ва барои рушди минбаъдаи ин риштаи варзиш дар мамлакат заминаҳои бештар фароҳам меорад.

Федератсияи бокси Тоҷикистон ба президенти World Boxing, аъзои Шӯрои иҷроия, роҳбарият ва тамоми кормандони ин ташкилот барои дастгирии пайваста, фаъолияти касбӣ, таваҷҷуҳ ва мусоидати ҳамаҷониба дар роҳи ба даст овардани узвияти комилҳуқуқ изҳори сипос ва миннатдории самимӣ менамояд.

Ҳамчунин, ба ҳамаи федератсияҳои миллии узви World Boxing барои дастгирии якдилона ва эътимоди зоҳиркардаашон арзи сипоси махсус баён карда мешавад.

Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалии варзиш бо қадамҳои устувор боз ҳам тақвият мебахшад!

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj