Ҷумъа, 13 ноябр 2026
«Вақт»

ВАҚТ - 06.11.2026, 21:00 Қабули савганди ҳарбӣ

Дар асоси нақша - чорабиниҳои муштараки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар, имрӯз дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ бо иштироки наваскарони қисму воҳидҳои ҳарбӣ, ки дар мавсими навбатии даъват шомили Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат гардидаанд, чорабиниҳои тантанавии қабули савганди ҳарбӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки сарбозони қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар ҳудуди гарнизони Душанбе, дар Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал”-и пойтахт ба таври шоиставу хотирмон доир карда шуд.

Манбаъ: Шабакаи YouTube-и «ТВ Душанбе» · YouTube