Муаллиф ва баранда
Хайруллозода Раҳматулло Хайрулло
Муаллиф ва барандаи барномаи «Набзи иқтисод»
Аз соли 2023 инҷониб дар Муассисаи давлатии " Телевизиони Душанбе " фаъолият менамояд.
То ин муддат дар " Телевизиони Тоҷикистон " дар вазифаҳои муовини Сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ, Сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ, Сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ ва директори "Телевизиони Тоҷикистон " кор кардааст.
Дорандаи мукофоту унвонҳои давлатию соҳавӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо мебошад. Аз ҷумла; Мукофоти давлатии " Хизмати шоиста", Аълочии Кумитаи телевизион ва радио, Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанг.
Муаллифи барномаҳои "Ҳадаф", "Набзи иқтисод" ва " Меҳвари иттилоот" мебошад.
Дар барномаи " Ҳадаф" мавзуҳои дастгирии давлат ба соҳаи иҷтимоӣ, рақамикунии таълиму тарбия, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлил қарор мегиранд.
Барномаи " Набзи иқтисод " масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, татбиқи лоиҳаҳо сармоягузорӣ, иҷроиши нақшаҳои андоз ва молия, бонкдорӣ ва дигар тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодро дар бар мегирад.
Дар барномаи " Меҳвари иттилоот" нуқтаҳои асосии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳои Сарвари давлат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешаванд.
- барнома
- 1
- нашр
- 0
- тамошобин дар шабакаҳои иҷтимоӣ
- 0