Зухурова Омина Саидакбаровна
Муҳаррир ва диктори барномаи иттилоотии «Время»
Зуҳурова Омина Саидакбаровна 9 июли соли 2001 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ҳайси WEB-Рӯзноманигор хатм кардаст.Фаъолияти касбии худро дар соҳаи журналистика оғоз намуда, дорои таҷрибаи тақрибан шашсолаи корӣ дар соҳаи телевизион ва расонаҳо мебошад. Қаблан дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси монтажи видео фаъолият намуда, сипас дар Муассисаи давлатии «Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар бахши барномаҳои иттилоотии русӣ ба ҳайси муҳаррир кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» дар Идораи барномаҳои иттилоотӣ, бахши русӣ, ба ҳайси муҳаррир ва диктори барномаи иттилоотии «Время» фаъолият дорад. Ҳамзамон, муаллифи барномаи телевизионии «Стильные советы» буда, дар таҳия ва пешниҳоди барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ саҳм мегузорад.
- барнома
- 0
- нашр
- 0
- тамошобин дар шабакаҳои иҷтимоӣ
- 0
Ҳамаи нашрҳо · 0
Барномаҳо ҳоло бо ин забон нестанд.
