Дар бораи мо
Муассисаи давлатии " Телевизиони Душанбе " дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми сентябри соли 2006, №409 бо мақсади таъмини фазои комили иттилоотии пойтахт ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маъмурии кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони он, ташкили муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ, инъикоси объективонаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудааст.
Дар асоси ҳамин қарор Оинномаи Муассиса низ тасдиқ шудааст.
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28-уми марти соли 2017, №133 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе” аз 6-уми сентябри соли 2006, №409” мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаҳои 8, 26 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар ном, матн ва замимаи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми сентябри соли 2006, №409 “Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” калимаи “Пойтахт” ба калимаи “Душанбе” иваз карда шуда, ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии Муассиса тағйироти зарурӣ ворид карда шуд.
Муассис ва маблағгузори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS