image

ТАЪРИХ

Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми сентябри соли 2006, №409 бо мақсади таъмини фазои комили иттилоотии пойтахт ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маъмурии кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони он, ташкили муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ, инъикоси объективонаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудааст.  

Дар асоси ҳамин қарор Оинномаи Муассиса низ тасдиқ шудааст.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28-уми марти соли 2017, №133 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе” аз 6-уми сентябри соли 2006, №409” мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаҳои 8,26 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар ном, матн ва замимаи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми сентябри соли 2006, №409 “Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” калимаи “Пойтахт” ба калимаи “Душанбе” иваз карда шуда, ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии Муассиса тағйироти зарурӣ ворид карда шуд. 

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 24-уми феврали соли 2020, №122 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 феврали соли 2013, №29 “Дар бораи тасдиқи рӯйхати бастҳои корӣ, фонди музди меҳнати кормандон, андозаи маоши моҳонаи роҳбарият, ҳайати мушовара ва Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонии ҳайатии роҳбарикунанда ва кормандони Муассисаи давлатии “”Телевизиони Душанбе”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе воҳидҳои кории Муассиса аз 50 ба 85 адад расонида шуд.

Муассис ва маблағгузори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.

Муассиса аз Идораи барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ, Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, Шуъбаи коргардонҳо,  Шуъбаи муҳосибот, Шуъбаи техникӣ, Шуъбаи наворбардорон, Шуъбаи студияи сайёр ва Шуъбаи хизматрасонӣ иборат аст.   

Муассисаи “Телевизиони Душанбе” аз моҳи феврали соли 2017 бо сифати дақиқияташ баланд - HD пахш гардида, барномаҳои онро ҳудуди 87%-и тамошобинон дар дохили мамлакат ва хориҷ аз он тамошо карда метавонанд.  

Аз 8-уми августи соли 2019 пахши барномаҳои “Телевизиони Душанбе” аз 12 соат ба 18 соат расонда шуда, онро тариқи моҳвора дар тамоми ҷаҳон тамошо мекунанд.

Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13-уми январи соли 2017, №5 Рауфзода Суҳроб Холмурод то 07-июли соли 2021 ба ҳайси директори  Муассисаи “Телевизиони Душанбе” фаъолият мекард.

Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 07-июли соли 2021, №406 Оқилов Маъруфҷон Холназарович то инҷониб директори  Муассисаи “Телевизиони Душанбе” мебошад.

Муовини якуми директор Азизов Исматулло Абдусатторович ва муовини директор оид ба масъалаҳои техникӣ Бобоев Некруз мебошанд.

Барномаҳои иттилоотии “Вақт”, “7 рӯзи Душанбе”, “Неделя в городе”, “Масъулият”, “Рушдофар”, “Озодашаҳр”, “Нурсоз”, “Иршод”, “Гулпарвар”, “Таҳқиқ”, “Таҳлил”, “Маориф ва илм”, “Маънии зиндагӣ”, “Нақлиёт ва мусофир”, “Истеҳсоли Душанбе”, “Забон ва ҷомеа”, “Масири созандагӣ”, “Афкор”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Ойини ҳунар”, “Таҳлил”, “Навовар”, “Ҳунар”, “Беҳтаринҳо”, “Рӯзгори соҳибдилон”, “Марворид”, “Дар масири ёдҳо”, “Чеҳра”, “Насли истиқлол”, “Занони муваффақ”, “Нерӯи созанда”, “Асрори шифо”, “Суҳбати соҳибдилон”, “Ахтарони ҳунар”, “Як саҳифаи таърих”, “Боиштиҳо”, “Парчамбардори Ватан”, “Ворисони Сино”, “Оинаи рӯзгор”, “Пизишки ман”, “Чеҳраи омӯзгор”, “Мо танҳо нестем”, “Хумори ёдҳо”, “Дунёи сарбоз”, “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, барномаи иттилоотӣ-фароғатии “Субҳи Душанбе” аз ҷумлаи лоиҳаҳои маъруфи телевизионии “Телевизиони Душанбе” мебошанд. 

 Суроғаи Муассиса: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 18. Телефонҳо: 221-24-46; 21-26-69.