image

Таҷлили Рӯзи Президент ва 30 солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

date_range14.11.2022, 15:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye607

Дар доираи ҳамаи иду ҷашнҳо ва санаҳои муҳимми таърихӣ дар муассисаҳои олии таълимии мамлакат ҳамоишҳои маърифативу ҷашнӣ ташкил карда мешавад.

Масъулини Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов низ дар ин раванд бетафовут нестанд. Ин навбат чорабинӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон чорабинии маърифатии навбатӣ низ бо шаҳомати хосса доир шуд. Ширкатдорон дар ҳамоиш доир ба дастовардҳои замони соҳибситиқлолӣ ва саҳми Иҷлосияи тақдирсоз дар рушди давлатдории мо андешаҳои худро баён намуданд.

Гуфта шуд, ки дар замоне, ки қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо, кашмакашҳои бемаънӣ ба авҷи ниҳоӣ расидаву бенизомиву бесуботӣ авзои сиёсӣ ва умури идории мамлакатро фаро гирифта буд, дар даврае, ки аз ҳеҷ самте дар назари аввал роҳи наҷот ба назар намерасид, баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба тулӯи ҷонбахши Офтоб дар сардиҳои қаҳратун шабоҳат дошт. Дар ин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва зери роҳбарии ӯ миллати тоҷик ба бунёди давлати соҳибистиқлол шурӯъ намуда, аз вартаи парокандагӣ раҳо ёфт.

Дар идома зикр рафт, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллию сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Маҳз санадҳои қабулнамудаи ин иҷлосияи таърихӣ имконият ва шароит фароҳам оварданд, ки давлати тозабунёди тоҷикон аз буҳрони хатарнок ва вартаи яъсу ноумедӣ баромада, рушду нумуъ намояд, ба пешрафту инкишоф ноил гардида, тадриҷан ба самти ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ қадамҳои устувор гузорад, таъкид доштанд дар идома нотиқони ин ҳамоиш дар донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон.