image

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН

date_range20.08.2026, 11:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye5

Дастовардҳои соҳаи телевизион ва радио дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик оғози марҳалаи нави давлатдорӣ, худшиносӣ, созандагӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат рушд намуда, симои Ватан куллан дигар шуд. Дар ин раванд воситаҳои ахбори омма, бахусус телевизион ва радио, ҳамчун неруи муҳими иттилоотӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ нақши муассир гузоштанд.Телевизион ва радио дар солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо инъикосгари рӯйдодҳо, балки тарғибгари ғояҳои ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, худшиносиву ватандӯстӣ ва дастовардҳои бунёдкоронаи мардум гардиданд. Агар дар оғози солҳои навадуми асри гузашта имкониятҳои техникӣ ва доираи пахши шабакаҳо маҳдуд буданд, имрӯз фазои иттилоотии мамлакат дорои шабакаҳои сершумори телевизиониву радиоӣ, низоми муосири рақамӣ, пахши моҳворавӣ ва технологияҳои HD, Full HD ва 4К мебошад.Яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ таъсиси шабакаҳои нави телевизионии соҳавӣ ва умумимиллӣ мебошад. Дар ин давра телевизионҳои «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Варзиш», «Синамо», «Футбол» ва «Шаҳнавоз» ба фаъолият оғоз намуданд. Ҳар яке аз ин шабакаҳо бо назардошти талаботи ҷомеа ва гурӯҳҳои гуногуни тамошобинон таъсис ёфта, дар рушди фарҳанг, варзиш, кино, маърифати кӯдакону наврасон ва таъмини аҳолӣ бо иттилои фаврӣ саҳми арзанда мегузоранд.

         Дар баробари телевизион, соҳаи радио низ рушд кард. Шабакаҳои «Садои Душанбе», «Овози тоҷик» ва «Фарҳанг» ва чандин радиоҳои хусусӣ таъсис ёфта, ҳаҷм ва доираи пахши барномаҳои радиоӣ ба маротиб афзоиш ёфт. Радиоҳои ватанӣ имрӯз ба забонҳои гуногун барнома пахш намуда, таъриху фарҳанг, сиёсати давлат ва дастовардҳои Тоҷикистонро ба шунавандагони дохилу хориҷ муаррифӣ менамоянд.Гузариш ба пахши рақамӣ, истифодаи моҳвора, таҷдиди пойгоҳҳои техникӣ, ҷорӣ намудани дастгоҳҳои муосири сабт ва танзим, рушди сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ фазои иттилоотии мамлакатро фарогиртар гардонид. Имрӯз барномаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистонро на танҳо сокинони мамлакат, балки ҳамватанони бурунмарзӣ низ метавонанд тавассути моҳвора ва интернет тамошо намоянду шунаванд.

      Таъсиси Академияи воситаҳои ахбори омма низ аз иқдомҳои муҳими даврони Истиқлол мебошад. Ин муассиса барои бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва мутобиқ намудани маҳорати кормандони соҳа ба талаботи журналистика ва технологияҳои муосир заминаи мусоид фароҳам овард.

      Дар радифи дастовардҳои соҳаи воситаҳои ахбори омма таъсиси телевизиони шаҳрӣ дар пойтахти мамлакат аҳамияти махсус дорад. Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 сентябри соли 2006, №409 таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии он таъмини фазои комили иттилоотии Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маъмурии мамлакат, баланд бардоштани маърифати сокинон, инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти пойтахт ва фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буд.Телевизиони навтаъсис дар муддати кӯтоҳ тавонист дар фазои иттилоотии мамлакат мавқеи худро пайдо намояд. Барномаҳои хабарӣ, таҳлилӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва фароғатии он набзи созандагии пойтахтро инъикос карда, байни мақомоти шаҳрӣ ва сокинон робитаи иттилоотии устувор ба вуҷуд оварданд.

        Аз моҳи феврали соли 2017 телевизион ба пахши дорои сифати баланди HD гузашт. Ин иқдом марҳалаи нави рушди техникиву эҷодии муассисаро оғоз бахшид ва имконият дод, ки сифати тасвир, сабт, танзим ва пешниҳоди барномаҳо беҳтар карда шавад.

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 марти соли 2017, №133 ба санадҳои таъсисии муассиса тағйирот ворид гардида, номи Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» ба Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» иваз карда шуд. Ин номгузорӣ танҳо тағйири унвон набуд. Он оғози марҳалаи нави фаъолияти шабака, тавсеаи доираи барномаҳо ва муаррифии Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлолро ифода мекард.Номи «Телевизиони Душанбе» рисолати муассисаро барои муаррифии таърих, фарҳанг, дастовардҳо, имкониятҳои иқтисодӣ ва симои байналмилалии пойтахт равшантар сохт. Аз 8 августи соли 2019 ҳаҷми пахши барномаҳои «Телевизиони Душанбе» аз 12 соат ба 18 соат расонида шуд. Тавассути пахши моҳворавӣ барномаҳои шабака барои тамошобинони хориҷи мамлакат низ дастрас гардиданд.

       10 октябри соли 2019 студияи нави сайёри телевизионӣ муаррифӣ гардид, ки барои Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» дастрас гардида буд. Студияи сайёр аз се автомашинаи калони махсус иборат буда, бо технологияҳои муосири сабт, пахши мустақим ва ороиши телевизионӣ таъмин гардид. Он дорои 16 камераи касбӣ буда, чор камерааш ба таври фосилавӣ идора мешавад.Таҷҳизоти студия имкон медиҳад, ки чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бо сифати Full HD сабт ва мустақиман тавассути моҳвора пахш карда шаванд. Студияи сайёр барои инъикоси ҷашнҳои давлатӣ, ҳамоишҳои сиёсиву фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои бузург имконияти комилан нав фароҳам овард.Бо истифода аз ин маҷмааи техникӣ гурӯҳи эҷодӣ метавонад аз макони баргузории чорабинӣ тасвири чандкамерагӣ, садои баландсифат ва ороиши компютериро ба таври мустақим пешниҳод намояд. Ин дастовард иқтидори техникии «Телевизиони Душанбе»-ро ба сатҳи нав бароварда, онро ба яке аз муассисаҳои муҳими пахши беруна дар мамлакат табдил дод.

      Яке аз дастовардҳои бузург дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» мебошад. 24 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаро мавриди истифода қарор доданд.

       Бинои нави телевизион дорои 80 ҳуҷраи барҳавои корӣ буда, барои фаъолияти кормандони эҷодӣ ва техникӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Муассиса дорои чор студияи телевизионӣ мебошад. Студияҳои якум ва дуюм барои сабти барномаҳои консертӣ, ток-шоу ва лоиҳаҳои калонҳаҷм пешбинӣ шуда, студияҳои сеюм ва чорум барои таҳияи барномаҳои гуногуни иттилоотӣ, таҳлилӣ ва фарҳангиву фароғатӣ хизмат мекунанд.Муҳимтарин дастоварди техникӣ ин аст, ки ҳамаи чор студия бо дастгоҳу таҷҳизоти рақамии формати 4К таъмин мебошанд. Технологияи 4К имконият медиҳад, ки барномаҳо бо тасвири фавқулода дақиқ, рангҳои табиӣ ва сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири телевизиони ҷаҳонӣ сабт ва пахш карда шаванд.Дар бино студияи марказии пахш, толори маҷлис бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои махсуси дизайнерҳои графикӣ ва барномасозон, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, синфхонаи такмили ихтисос ва маркази коркарди маводи бойгонӣ ҷойгир шудаанд.Ин шароит имконият медиҳад, ки тамоми марҳалаҳои истеҳсоли барномаи телевизионӣ аз таҳияи идея ва наворбардорӣ то танзим, ороиши графикӣ, нигоҳдорӣ ва пахши мустақим дар як маҷмааи ягона ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ амалӣ карда шаванд.Қаблан муассиса дар биное фаъолият мекард, ки солҳои чилуми асри гузашта ҳамчун кинотеатр сохта шуда, ҳамагӣ ду студияи хурд дошт. Бунёди бинои нави телевизионӣ гузариш аз чунин шароити маҳдуд ба муҳити комилан нави эҷодӣ ва технологӣ мебошад.

       Техникаи пешрафта танҳо воситаи кор аст. Арзиши аслии телевизионро муҳтавои барномаҳо, сатҳи касбии журналистон ва масъулияти онҳо дар назди ҷомеа муайян мекунад.Имрӯз кормандони телевизион ва радио вазифадоранд, ки дар баробари расонидани иттилои фаврӣ, ба таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ мусоидат намоянд.

«Телевизиони Душанбе» тавассути барномаҳои иттилоотӣ, таҳлилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва фароғатӣ ҳаёти пойтахтро ҳамаҷониба инъикос мекунад. Созандагиву ободонӣ, рушди саноат ва соҳибкорӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, нақлиёт, сайёҳӣ ва татбиқи барномаҳои шаҳрӣ аз самтҳои асосии фаъолияти эҷодии муассиса мебошанд.

        Истифодаи технологияи 4К, студияҳои муосир ва маҷмааи сайёри телевизионӣ барои таҳияи лоиҳаҳои нави рақобатпазир, густариши пахши мустақим ва муаррифии Душанбе дар сатҳи байналмилалӣ имкониятҳои фаровон фароҳам меорад.Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ соҳаи телевизион ва радиои Тоҷикистон роҳи бузурги рушдро тай намуд. Таъсиси шабакаҳои нав, густариши пахши моҳворавӣ, гузариш ба технологияи рақамӣ, ҷорӣ гардидани форматҳоии HD, Full HD ва 4К, бунёди иншооти замонавӣ ва омода намудани мутахассисони касбӣ нишон медиҳанд, ки фазои иттилоотии мамлакат ба марҳалаи сифатан нав ворид шудааст.

Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» намунаи равшани ҳамин пешрафт мебошад. Роҳе, ки аз таъсиси «Телевизиони Пойтахт» оғоз гардида, бо тағйири ном, гузариш ба HD, дастрас намудани студияи сайёр ва бунёди маҷмааи муосири 4К идома ёфт, як бахши муҳими таърихи созандагии даврони соҳибистиқлолӣ аст.

    Бинои нави «Телевизиони Душанбе» танҳо иншооти зебои меъморӣ нест. Он маркази муосири иттилоотӣ, мактаби эҷод, пойгоҳи технологияи пешрафта ва минбари муаррифии пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ин дастовардҳо кормандони соҳаро водор месозанд, ки бо эҳсоси баланди масъулият, маҳорати касбӣ ва садоқат ба Ватан фаъолияти худро идома дода, садо ва симои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро ба ҷаҳониён боз ҳам шоистатар муаррифӣ намоянд.


Оқилзода Маъруфҷон Холназар

Директори Муассисаи давлатии

«Телевизиони Душанбе»