image

ЧОРАБИНИИ НАЗАРИЯВИЮ МАЪРИФАТӢ ДАР ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

date_range08.09.2026, 18:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye13

     Дар шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии назариявию маърифатӣ баргузор гардид.
      Дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зоҳидзода Аҳмад,, роҳбарияти шуъбаи маориф, кормандони соҳа, мудирони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд.
      Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ,, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарғиби арзишҳои ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ва баррасии нақши соҳаи маориф дар рушди ҷомеаи соҳибистиқлол арзёбӣ гардид.
      Чорабиниро мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҷидзода Ҷамшед ифтитоҳ намуда,, ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт.
      Дар баромад таъкид гардид,, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ буда, ба шарофати он давлатдории миллӣ эҳё, сулҳу субот таъмин ва барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи устувор фароҳам оварда шуд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эътироф гардида, барои рушди муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани шароити таҳсил, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва тарбияи насли донишманду ватандӯст тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
      Дар идома Зоҳидзода Аҳмад доир ба аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, нақши сулҳу ваҳдати миллӣ дар рушди устувори кишвар ва масъулияти кормандони соҳаи маориф дар тарбияи насли ояндасоз суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки омӯзгорон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии кӯдакону наврасон нақши муҳим доранд.
      Боиси ифтихор аст, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар омӯзгори муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ — Исроилова Саодат, омӯзгори фанни биологияи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва Сатторова Гулрӯ, равоншиноси Гимназияи ба номи А. Ғуломов, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Ин қадрдонӣ нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат ба меҳнати омӯзгор ва мақоми шоистаи аҳли маориф дар ҷомеа мебошад.
      Ҳамзамон, дар фазои тантанавӣ як гурӯҳ роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия барои саҳми арзанда, фаъолияти пурсамар, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолона дар омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаҳои шуъбаи маориф қадрдонӣ карда шуданд.
      Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ анҷом ёфт.