Thursday, 26 November 2026
Culture

Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

This page is currently available in Tajik only.

Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ: дурнамо ва тамоюлҳои рушди санъат, дизайн, илмҳои гуманитарӣ, технология ва иқтисод» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Сироҷиддин Ҷӯрахонзода оид ба аҳамияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир ва тағйирёбии муҳити фарҳангиву иҷтимоӣ сухан гуфт. Таъкид шуд, ки истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаҳои илм, фарҳанг, санъат ва таҳсилоти касбӣ имконияти васеъ фароҳам оварда, дар ин давра ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ташаккули муҳити созандаи эҷодӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар ин замина муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмӣ ва муҳаққиқон дар омӯзишу таҳқиқи арзишҳои миллӣ, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон нақши муҳим доранд.

«Рақамикунонӣ имрӯз ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсир расонида, барои рушди санъат, дизайн, меъморӣ, илмҳои гуманитарӣ ва иқтисод имконияти нави эҷод ва таҳқиқ фароҳам меорад. Дар баробари ин, истифодаи технологияҳои рақамӣ бояд бо ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, эҳтиром ба мероси миллӣ ва таҳкими худшиносии шаҳрвандон ҳамоҳанг бошад»,- гуфт Сироҷиддин Ҷӯрахонзода.

Иштирокдорони конференсия аҳамияти рушди илм, инноватсия ва рақамикунониро дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии мамлакат таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки дар шароити муосир рушди устувори ҷомеа аз сатҳи дониш, иқтидори илмӣ, истифодаи самараноки технологияҳои нав ва омодагии мутахассисон ба талаботи бозори меҳнат вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.

Ҳамзамон аҳамияти эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» таъкид шуд. Иброз гардид, ки иқтисоди рақамӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ, ташаккули муҳити рақобатпазир, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор имконияти васеъ ба вуҷуд меорад.

Дар конференсия масъалаҳои гуногуни илмӣ, назариявӣ ва амалии марбут ба рушди соҳаҳои санъат, дизайн, таърих, технология, иқтисод ва илмҳои гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj