Friday, 13 November 2026
Society

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд

This page is currently available in Tajik only.

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд аз академия.

 Дар кори конфронс роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, сафирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ, доираҳои соҳибкорӣ, аҳли фарҳангу адаб, муҳаққиқон ва коршиносони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бозтоби марҳилаҳои асосии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин, дастовардҳои ҳамкории дуҷониба ва аҳамияти онҳо дар таҳкими робитаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду ҷумҳуриро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки ин санаи муҳим таҷассумгари таърихи пурғановати дӯстӣ, ҳусни тафоҳум, эътимоди мутақобил ва ҳамкории судманди ду ҷумҳурии ҳамсоя мебошад. Давоми 35 сол муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар заминаи эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои муштарак пайваста рушд ёфта, соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию таълимӣ ва фарҳангиро фаро гирифтаанд.

Иштирокдорон доир ба таърихи рушди муносибатҳои дипломатӣ, марҳилаҳои муҳими таҳкими робитаҳо, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин ва аҳамияти муколамаи сиёсӣ дар густариши ҳамкории байнидавлатӣ ибрози назар намуданд. Нақши муассисаҳои илмию таълимӣ, аз ҷумла Академияи идоракунии давлатӣ дар густариши робитаҳои байнифарҳангӣ ва илмию таълимӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар идомаи чорабинӣ китоби профессори академия Рашид Олимов «Молчание двух великанов. Китайский блокнот таджикского дипломата» («Хомӯшии ду азимҷусса. Дафтарчаи чинии як дипломати тоҷик», ки бо навори ҷолиб таҳия шудааст, муаррифӣ гардид. Китоб соли равон бо забонҳои русӣ ва чинӣ ба нашр расида, маҷмуаи нигоштаҳои муаллиф оид ба Чин, таъриху фарҳанг ва хусусияти рушди ин давлатро дар бар мегирад. Рашид Олимов оид ба таърихи эҷод, сарчашмаҳои ташаккули идея ва ҳадафҳои асосии таълифи китоб маълумот пешниҳод кард. Ӯ ба аҳамияти ҳифзи хотираи таърихӣ, нақши шахсиятҳо дар ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ ва зарурати омӯзиши таҷрибаи ҳамкорӣ байни давлатҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳамзамон иштирокдорон оид ба арзиши илмию маърифатии китоби профессори академия сухан намуда, нақши чунин асарҳоро дар ҳифзи хотираи таърихӣ, муаррифии фарҳангу тамаддун ва таҳкими робитаҳои гуманитарии байни миллатҳо таъкид намуданд.

Рашид Олимов таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими дӯстӣ, густариши ҳамкории Тоҷикистону Чин ва тарбияи насли огоҳ аз таърихи халқҳои ҷаҳон аҳамияти хосса дорад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj