ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи иштирок дар чорабиниҳои ЮНЕСКО бо роҳбарияти якчанд муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатҳои аврупоӣ вохӯрӣ намуда, санадҳои ҳамкориро ба имзо расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Аз ҷумла, бо Донишгоҳи илмҳои амалии Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон (Anhalt University of Applied Sciences) созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Он барои густариши робитаҳои академӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва институтсионалии ду муассисаи таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи созишнома татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, ба роҳ мондани табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон, анҷом додани таҳқиқоти муштараки илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси кадрҳои илмию омӯзгорӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ пешбинӣ мегардад.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ сайёҳӣ, соҳибкорӣ, иқтисод, технологияҳои рақамӣ, инноватсия, рушди устувор ва иқтисоди “сабз”-ро фаро мегиранд. Ҳамчунин ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами донишгоҳҳои аврупоӣ дар самти идоракунии захираҳо, рушди инфрасохтори устувор, гузариши сабзи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, татбиқи механизмҳои муосири идоракунии донишгоҳӣ ва таҳкими мавқеи донишгоҳ дар рейтингҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Татбиқи амалии созишномаҳои баимзорасида ба таҳкими иқтидори илмӣ ва инноватсионии донишгоҳ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва густариши минбаъдаи нуфузи байналмилалии он мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






