ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир аз фанни биология, химия, физика, синфхонаи лингофонӣ ва маркази технологияи дӯзандагӣ ифтитоҳ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Синфхонаҳои муосир бо дастгирии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил ва муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои беҳтар намудани сифати таълим, рушди малакаҳои касбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди омӯзиш пешбинӣ шудаанд.
Дар синфхона-озмоишгоҳҳо аз фанни биология, химия ва физика таҷҳизот ва лавозимоти таълимӣ барои гузаронидани таҷрибаҳо, мушоҳидаҳои илмӣ ва иҷрои корҳои амалӣ пешбинӣ шудаанд.
Синфхонаи лингофонӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки малакаҳои шунавоӣ, гуфторӣ, талаффуз ва муоширати худро такмил дода, донишҳои назариявии азхудкардаашонро дар машғулияти амалӣ истифода баранд.
Маркази технологияи дӯзандагӣ бо мақсади ташкили машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ таъсис дода шуда, барои омӯзиши технологияҳои муосири дӯзандагӣ, шиносоӣ бо таҷҳизоти соҳавӣ ва ташаккули малакаҳои амалии таълимгирандагон пешбинӣ гардидааст. Бартарии дигари марказ дар он аст, ки он барои ташкили машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва ҷалби хоҳишмандон ба омӯзиши ҳунар имконият фароҳам меорад. Ин раванд метавонад ба рушди соҳибкорӣ, худмашғулӣ, пайдо намудани манбаи даромад ва баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии ҷавонону занон низ мусоидат намояд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ зимни шиносоӣ бо озмоишгоҳҳо изҳор намуд, ки омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бояд бо таҷрибаҳои амалӣ ва истифодаи воситаҳои муосири таълимӣ пайваст бошад. Донишҷӯён ҳангоми омӯзиши биология, химия ва физика бояд имконият дошта бошанд, ки қонунмандӣ ва ҳодисаҳои табииро мустақиман мушоҳида намуда, бо иҷрои таҷрибаҳо дониши назариявии худро тақвият бахшанд.
Таъкид шуд, ки рушди инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҷдиду навсозии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо, таъсиси озмоишгоҳҳои муосир, муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ маҳсуб мешаванд.
Дар ин замина татбиқи «Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026-2029» барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳо ва беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисон имконияти нав фароҳам меорад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






