ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи навбатии Шуро намояндагони Котиботи Шуро, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо ва пажуҳишгоҳу марказҳои илмии давлатҳои аъзо иштирок намуданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласа оид ба дастовардҳои соҳа дар самти мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, навовариҳо дар соҳа ва роҳҳои ҳамкории минбаъда сухан гуфтанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаҳои пешгирии бемориҳои диабети қанд, саратонҳо, назорати байнисарҳадии бемории сил, таҳкими тандурустии ҷамъиятӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо назардошти баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа, солимии модару кӯдак ҳамчун омили бехатарии демографӣ ва рушди устувори давлатҳои аъзои Иттиҳод, ташкили низоми ягонаи пешгирӣ ва вокуниш ба хатарҳои эпидемиявӣ дар давлатҳои узв ва нақшаи кории Шуро дар соли 2027 баррасӣ гардиданд, ки дар онҳо аъзои ҳайати тоҷикистонӣ вобаста ба мавзуъ фаъолона иштирок намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






