ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарияти Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассиса таҳсил менамоянд, мулоқот намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, дар мулоқот бо роҳбарияти донишгоҳ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи илму маориф, беҳтарсозии шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик, инчунин таҳкими робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони Сафорат дар мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд ҳамеша ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар худ тақвият бахшида, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ободии Ватан саҳм гузоранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз ҷавонони соҳибилму соҳибмаърифат метавонанд нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Иброз гардид, ки таҳкими ҳисси ватандӯстию худшиносӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, ҷалби ҷавонон ба илму донишандӯзӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва омода намудани ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа барои саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти муҳим дорад.
Таъкид шуд, ки ҷавонон дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ташкил дода, онҳо дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муҳим мебозанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бо ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то онҳо дониши замонавӣ андӯзанд, ҳунар омӯзанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд.
Ба маълумоти донишҷӯён оид ба баргузории чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО (23-27 ноябри соли 2026 дар ш. Париж) доир гардид, расонида шуд.
Таъкид карда шуд, ки чорабинии байналмилалӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба муаррифии мероси гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ ва адабии Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, арҷгузорӣ ба саҳми таърихии онҳо дар рушди илму тамаддуни башарӣ, таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мебошад.
Дар идома намояндагони Сафорат оид ба иҷрои «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» изҳори назар намуданд.
Ҳамзамон доир ба омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба як қатор чораҳои тарбиявӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва ҳуқуқӣ дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша карда шуд.
Иброз гардид, ки амнияти миллӣ омили асосии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат маҳсуб мешавад.
Инчунин зимни суҳбат дархостҳои гуногун, аз ҷумла оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат, раванди қонунугардонии буду бош ва дигар масоили марбут ба хизматрасониҳои консулӣ ба миён гузошта шуданд.
Дар идома намояндагони Сафорат ба донишҷуёни тоҷик иброз доштанд, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии хосса аст ва онҳо бояд аз шароити дар донишгоҳҳо фароҳамшуда бамаврид истифода намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






