Friday, 13 November 2026
Sport

Расман: Ҷоми Осиё-2027 лағв гардид!

This page is currently available in Tajik only.

Расман: Ҷоми Осиё-2027 лағв гардид!

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027-ро, ки мебоист дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардид, тағйир дод. Тибқи қарори нав, мусобиқа на аз 7 январ то 5 феврали соли 2027, балки аз 23 декабри соли 2027 то 21 январи соли 2028 доир мешавад.

Дар ин бора Конфедератсияи футболи Осиё имрӯз, 3 ноябри соли 2026 расман хабар дод.

Тибқи иттилои КФО, қарори мазкур пас аз машваратҳои густурда бо Кумитаи маҳаллии тадорукоти мусобиқа ва Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ қабул шудааст.

Сабаби асосии тағйири муҳлати баргузории мусобиқа вазъияти фавқулодаи баамаломада дар минтақа, мушкилоти ҷиддии логистикӣ ва маҳдудиятҳои марбут ба рафтуомад арзёбӣ мегардад.

Дар изҳороти расмии Конфедератсияи футболи Осиё таъкид шудааст, ки баргузории мусобиқа дар муҳлати қаблан муайяншуда бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардида, ба таъхир гузоштани он ба манфиати ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ, ҳайатҳои расмӣ, мухлисон ва дигар ҷонибҳои марбут зарур шумурда шудааст.

Ҳамзамон, санаҳои нави баргузории Ҷоми Осиё-2027 барои тасдиқ ба Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) пешниҳод карда мешаванд.

Конфедератсияи футболи Осиё инчунин омодагии худро барои ҳамкории минбаъда бо Кумитаи тадорукот, федератсияҳои иштирокчӣ, сарпарастон ва шарикони расонаиву тиҷоратӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқа изҳор кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё-2027 яке аз муҳимтарин мусобиқаҳои мунтахабҳои миллии қитъаи Осиё ба шумор рафта, дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Акнун мухлисони футбол бояд баргузории ин мусобиқаи қитъавиро то охири соли 2027 интизор шаванд.

Дар ин мусобиқа тими мунтахаби Тоҷикистон шомили гурӯҳи “D” буда, бо дастаҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj