Thursday, 12 November 2026
Sport

11 ҷудокорои тоҷик дар мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2026 иштирок мекунанд

This page is currently available in Tajik only.

11 ҷудокорои тоҷик дар мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2026 иштирок мекунанд

Мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо - Zagreb Grand Prix 2026 мебошад. Мусобиқа аз 13-ум то 15-уми ноябр дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор мегардад. Барои иштирок дар мусобиқа то имрӯз 531 ҷудокор аз 70 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд. Дар ин бора Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар мусобқаи мазкур 11 ҷудокор – Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Нурулло Аҳмадов (-60 кг), Искандар Маҳмадхоҷазода (-66 кг), Эҳсон Сафарзода (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Бахтиёр Бозоров (-81 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг), Муҳаммадиқбол Тошов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (+100 кг) муаррифӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ҷудорони тоҷик давоми 2 соли охир дар мусобиқаҳои Zagreb Grand Prix 2024 ва Zagreb Grand Prix 2025 иштирок надоштанд.

Соли 2023 бори охир намояндаҳои Тоҷикистон Обид Ҷебов (-66 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) дар мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2023 ширкат варзида, бидуни медал монда буданд.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj