Аз 4 то 9 ноябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 15-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш баргузор мегардад. Остона бори аввал Чемпионати ҷаҳон оид ба курашро мизбонӣ мекунад.
Дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳафт паҳлавон намояндагӣ хоҳанд кард. Ба ҳайати мунтахаби кишвар Ҳақдод Гулов дар вазни то 60 кг, Сарвар Абдушукуров дар вазни то 66 кг, Умар Шеров дар вазни то 73 кг, Наврӯзи Каримзод дар вазни то 81 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг, Саидҷамол Алимардонов дар вазни то 100 кг ва Фирдавс Насимов дар вазни то 120 кг шомил мебошанд.
Паҳлавонони тоҷик дар ин чемпионати ҷаҳонӣ бо намояндагони кишварҳои гуногун рақобат намуда, барои ба даст овардани медалҳо ва муаррифии шоистаи варзиши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳанд кард.
Source: Varzish TV · varzishtv.tj






