Friday, 13 November 2026
Sport

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстонаи дуюм бо Ӯзбекистон мусовӣ кард

This page is currently available in Tajik only.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстонаи дуюм бо Ӯзбекистон мусовӣ кард

Тими миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бозии дуюми дӯстонаи худро муқобили мунтахаби Ӯзбекистон баргузор намуд.

Вохӯрӣ рӯзи 10 ноябр дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Футзалбозони Тоҷикистон аввалин шуда ҳисобро кушоданд, аммо натавонистанд бартарии худро нигоҳ доранд. Мунтахаби Ӯзбекистон тавонист ҳамагӣ ду сония пеш аз садои ҳуштаки ниҳоӣ ҳисобро баробар кунад. Муаллифи голи тими мо капитани даста Дилшод Саломов гардид.

Қаблан бозии дӯстонаи якуми мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 ба анҷом расида буд.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj