ҲИСОР, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Ҳисор бинои нави Мактаби бачагонаи санъати ба номи Саид Ҳамроев, дар деҳаи Гулхании Ҷамоати деҳоти Ҳисор майдончаи варзишӣ ва пули мошингузари байни деҳаҳои Нилу-Тахт-Кафшдӯзон бо иқтидори вазнбардории 80 тонна мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Ба истифода додани Мактаби бачагонаи санъат дар шаҳри Ҳисор рӯйдоди муҳим ва хотирмони фарҳангӣ мебошад. Ин иқдоми нек заминаи моддию техникии муассисаро, ки қаблан дар шакли пароканда фаъолият дошт, ба куллӣ беҳтар намуд.
Дар бинои нави Мактаби бачагонаи санъат на танҳо мактаби мусиқӣ, балки Маркази санъат ва эҷоди кӯдакон ва мактаби рассомӣ низ ҷойгир карда шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки кӯдакону наврасон дар як макон ба намудҳои гуногуни ҳунармандӣ машғул шаванд.
Санъаткорони наврас метавонанд дар шароити муосир навохтани созҳои халқию касбӣ, санъати тасвирӣ, овозхонӣ ва ҳунарҳои драмавию хореографиро зери назари устодони ботаҷриба омӯзанд.
Зимни ифтитоҳи иншооти мазкур роҳбарияти шаҳри Ҳисор саҳми сокинонро дар ободонии маҳал баланд арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин иқдомҳои созандагӣ дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, ташаббускорӣ ва ҳамкории мардум бо мақомоти давлатӣ ба ободии шаҳру ноҳия ва деҳаю маҳал мусоидат менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






