Thursday, 26 November 2026
Sport

Бори аввал дар таърихи футболи Тоҷикистон зан-довар дар бозии Лигаи олӣ фаъолият намуд

This page is currently available in Tajik only.

Бори аввал дар таърихи футболи Тоҷикистон зан-довар дар бозии Лигаи олӣ фаъолият намуд

Бозии даври ниҳоии чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Истаравшан», ки бо ҳисоби 8:0 ба анҷом расид, ба таърихи футболи кишвар ҳамчун аввалин дидор дар лигаи олӣ гардид, ки дар он зан ҳамчун довар фаъолият кард.

Ёварони довари марказӣ – довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло – Дилшода Раҳмонова ва Муниса Мирзоева буданд, ки вазифаи доварони канориро иҷро карданд.

Қобили зикр аст, ки Раҳмонова ва Мирзоева қаблан низ дар бозиҳои Лигаи якум ва Лигаи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳайси довар фаъолият карда буданд. Аммо ин дафъа онҳо бори аввал бозии мусобиқаи олии футболи кишварро доварӣ карданд, ки ин як қадами муҳим дар рушди доварии занона дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj