Friday, 27 November 2026
Sport

Лионел Месси дар бозии хайрбодии Карлос Тевес иштирок мекунад

This page is currently available in Tajik only.

Лионел Месси дар бозии хайрбодии Карлос Тевес иштирок мекунад

Собиқ ҳамлагари мунтахаби Аргентина Карлос Тевес бозии хайрбодии худро баргузор мекунад. Дар ин вохӯрӣ капитани «Интер Майами» Лионел Месси низ иштирок хоҳад кард. Дар ин бора ESPN хабар додааст.

Ин бозӣ ба ифтихори Тевес рӯзи 20-уми декабр дар варзишгоҳи бошгоҳи «Бока Хуниорс» баргузор мешавад. Ташкилкунандагони чорабинӣ иштироки Лионел Мессиро расман тасдиқ кардаанд.

Ба ғайр аз Месси, дар рӯйхати меҳмонони даъватшуда Серхио Агуэро, Мартин Палермо, Ҷанлуиҷи Буффон, Рио Фердинанд ва Леандро Паредес низ қарор доранд.

Ҳамчунин, Карлос Тевес мехоҳад ҳамдастаи собиқи худ аз «Манчестер Юнайтед» — Криштиану Роналдуро низ дар ин бозӣ бубинад. Аммо иштироки ҳамлагари «Ал-Наср» ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тевес ва Роналду дар як давра дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» бозӣ карда, ҳамроҳ бо даста ба дастовардҳои муҳим ноил шуда буданд.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj