ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қатар марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон — 2026 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) ба анҷом расид. Дар натиҷа ҳамаи ҷуфтҳои марҳилаи 1/16-ниҳоӣ муайян гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин марҳилаи мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар гурӯҳи «F» мақоми сеюмро касб кард, бо тими Италия, ки ғолиби гурӯҳи «E» гардид, вомехӯрад.
Рақобат 30-юми ноябр дар маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 17:30 ба вақти Душанбе.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






