Saturday, 28 November 2026
Sport

Игор Суров: “Бозӣ бо мунтахаби Италия барои дастаи мо санҷиши ҷиддӣ хоҳад буд”

This page is currently available in Tajik only.

Игор Суров: “Бозӣ бо мунтахаби Италия барои дастаи мо санҷиши ҷиддӣ хоҳад буд”

Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Игор Суров аз ҳунарнамоии даста дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2026 натиҷагирӣ намуд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Куба (5:3), Хорватия (0:4) ва Сенегал (1:1) рақобат кард. Наврасони тоҷик аз се бозӣ чор имтиёз ба даст оварда, ба даври 1/16-ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд. Дар ин марҳила рақиби мунтахаби мо дастаи Италия хоҳад буд.

«Мо дар гурӯҳе қарор гирифтем, ки рақибони пурқувват дошт. Дар ду бозии аввал футболбозон ба таври назаррас ҳаяҷон доштанд. Ғалаба бар мунтахаби Куба аҳамияти хеле калон дошт. Мутаассифона, бозӣ бо Хорватия мувофиқи нақшаи мо сурат нагирифт. Бояд эътироф кард, ки сатҳи баланди рақиб низ таъсири худро гузошт.

Вохӯрии охирин бо Сенегал аз нигоҳи роҳ ёфтан ба марҳилаи плей-офф ҳалкунанда буд ва ҳамаи мо инро хуб дарк мекардем. Бачаҳо аз уҳдаи фишори равонӣ ба хубӣ баромада, иродаи қавӣ нишон доданд ва вазифаи асосиро иҷро карданд – ба марҳилаи плей-офф баромаданд.

Душвортарин масъала бартараф кардани фишори равонӣ буд, ки футболбозон эҳсос мекарданд. Ин ҳолат махсусан пас аз бозӣ бо Хорватия ба назар мерасид. Ҳамзамон, муҳим буд, ки пеш аз вохӯрӣ бо Сенегал тамаркузи худро нигоҳ дорем.

Ҳоло муҳимтарин масъала барқарор кардани неруи ҷисмонӣ ва равонии футболбозон аст. Дар муддати кӯтоҳ мо се рақобати душвор анҷом додем.

Дар мавриди рақиби мо дар даври 1/16-ниҳоӣ бояд гуфт, ки мунтахаби Италия дастаи хеле пурқувват аст. Мо ба рақиб эҳтиром мегузорем, аммо бозии дарпешистодаро ҳамчун як санҷиши ҷиддӣ қабул мекунем. Ба марҳилаи плей-офф на барои иштирок кардан, балки барои мубориза бурдан роҳ ёфтем. Зарур аст, ки дар ҳимоя боинтизом бозӣ кунем ва аз имкониятҳои пайдошуда самаранок истифода барем. Қувваи рақибро хуб дарк мекунем, аммо ин марҳилаи плей-офф аст ва дар он ҳама чиз дар як бозӣ ҳал мешавад», – изҳор дошт сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Игор Суров.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj