Ҳамлагари «Реал Мадрид» Браим Диас шартномаи худро бо бошгоҳи шоҳона тамдид намуд. Созишномаи нави футболбози 27-сола то тобистони соли 2031 амал мекунад.
Браим Диас соли 2019, дар синни 19-солагӣ, ба ҳайати «Реал» пайваст. Аз он вақт инҷониб ӯ дар ҳайати дастаи мадридӣ 173 бозӣ анҷом дода, соҳиби 7 ҷоизаи қаҳрамонӣ шудааст.
Дар мавсими ҷорӣ Диас дар чемпионати Испания 6 бозӣ анҷом додааст. Ҳамчунин, ӯ солҳои 2020–2023 дар ҳайати «Милан» ба таври иҷора ҳунарнамоӣ карда буд.
Бо тамдиди шартнома «Реал» ҳамкориҳои худро бо ин ҳамлагари марокашӣ то соли 2031 идома медиҳад.
Source: Varzish TV · varzishtv.tj






