Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар саҳни Академияи ВКД маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, ҳайати омӯзгорону курсантони Академия, инчунин намояндагони муассисаҳои таҳсилоти низомии кишвар ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо таҳкими тарбияи ҷисмонӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва тақвияти ҳамкории байни муассисаҳои таълимии низомӣ арзёбӣ мегардад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"






