Душанбе, 23 ноябр 2026
Хабарҳо

Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад

Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои пойтахт озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар озмун ғолибон аз рӯи се гурӯҳ (телевизион, радио ва матбуот) муайян карда мешаванд. Озмун дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади ҷалби намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси дастовардҳои пойтахти мамлакат баргузор мегардад.

Довталабон метавонанд маводи худро ба суроғаи шаҳри Душанбе, х.Рӯдакӣ 40, шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ирсол намоянд.

Тибқи талаботи низомномаи озмун, дар он танҳо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатие, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, иштирок карда метавонанд.

Барои иштирок дар озмун довталаб бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

— дархост барои иштирок дар озмун;

— нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ;

— маълумотнома оид ба суроғаи ҷойгиршавӣ;

— пешниҳоди мавод дар бораи дастовардҳои шаҳри Душанбе (дар флэшкорт);

Барномаи телевизионӣ ва радиоӣ на кам аз 20 дақиқа ва на беш аз 35 дақиқа ва мақола дар ҳаҷми на кам аз 3 саҳифа (саҳифаи рӯзнома) ва дар он дастовардҳою рушди соҳаҳои гуногуни пойтахт ва саҳми Раиси шаҳр дар ободу зебо гардидани шаҳри Душанбе возеҳу равшан инъикос ёфта бошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj