ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати аз нав қабул гардидани рамзҳои давлатиро бо назардошти арзишҳои миллӣ ва таърихии давлат тақозо менамояд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зарурати қабул ва тасдиқи рамзҳои давлатӣ ба амал омад. Вале ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дар мамлакати мо идома дошт, имкон намедод масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, аз ҷумла қабули рамзҳои нави давлатӣ амалӣ карда шавад.
— Танҳо аз 14-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардидани Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум имкон дод, ки заминаҳои ҳуқуқии ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон фароҳам оварда шаванд.
Аз ҷумла, дар ин иҷлосия дар баробари дигар масъалаҳои муҳимми давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 ноябри соли 1992 қабул карда шуд.
Бо назардошти ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ — Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Аввалин маротиба ин ҷашн 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ таҷлил карда шуд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мафҳуми зебои тоҷикӣ «Парчам» сабт шуда, чун дигар рамзҳои давлатӣ — Нишон, матн ва оҳанги Суруди миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, боиси эҳтиром ва арҷгузории кулли шаҳрвандон мебошад.
Чунончи, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар айни замон мавриди истифода қарор дорад, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тағйиру иловаҳо аз 19.06.2024 тасдиқ карда шуда, тавсифи он чунин аст: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дошта шудаанд, ки паҳлӯи амудиашон 0,8 паҳлӯи уфуқиашон 1,0 паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой гирифтаанд. Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и паҳнои рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 — рахи сафед васл гардидаанд.
Рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқу миллати тоҷикро барои озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда ва осудаву устувор ифода менамоянд. Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора дар Парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Парчам ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ нақши махсус ва ҷойгоҳи сазовор дорад. Моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 тартиби истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқарарр мекунад. Тартиби афрохтани парчам ду тарзро дар бар мегирад: доимӣ ва муваққатӣ. Тибқи талаботи ин модда Парчами давлатӣ ба таври доимӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо, мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ва дигар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), инчунин намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ афрохта мешавад.
Инчунин дар болои дилхоҳ биное, ки дар он ҷаласаҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ҷаласаҳои мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, худидораи шаҳрак ва деҳот, инчунин дар толорҳое, ки чунин ҷаласаҳо гузаронида мешаванд, афрохта мешавад.
Парчами давлатӣ дар толорҳое, ки маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, афрохта мешавад.
Парчами давлатӣ инчунин дар ҳуҷраҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷраҳои кории дигар хизматчиёни давлатӣ, ки қонун муайян кардааст, дар қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 октябри соли 2026 ба ин моддаи 5-и Қонуни мазкур қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шуд: Ба нишони эҳтиром Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар бино ва хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои бисёрхонагӣ, дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо ва гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ афрохтан мумкин аст».
Эҳтироми волои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ буда, дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд чунин муносибатро ба роҳ монанд, то нисбат ба он беҳурматӣ зоҳир нагардад.
Тибқи моддаи 11 ин қонун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи қонун ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Чунончи, дар моддаи 483 ишораи 1 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми набудани аломати ҷиноят ҷавобгарии маъмурӣ ва дар моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқир кардани рамзҳои давлатӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, парчам яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдории тоҷикон буда, гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандӯстӣ мебошад.
Баҳриддин САФАРЗОДА,
Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






