ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Зайнулло Шарифзода Парчами давлатиро рамзи соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва давлатдории миллии тоҷикон арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки он Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ ва мардумро дар роҳи ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан муттаҳид менамояд.
Изҳор гардид, ки Парчами давлатӣ таҷассумгари таърихи пурғановати миллати тоҷик, мероси ғании фарҳангиву тамаддунӣ ва арзишҳои миллии мо буда, эҳтиром ба он масъулияти ҳар шаҳрвандро дар назди таърих ва наслҳои оянда бозгӯйӣ менамояд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ бояд дар фаъолияти ҳаррӯза, меҳнати содиқона ва иҷрои масъулиятноки вазифаҳои касбӣ таҷассум ёбад. Ҳар корманд бо фаъолияти босамар метавонад дар ободии Ватан ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад.
Дар идома роҳбарияти фурудгоҳ ба кормандоне, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои миллӣ низ дар ҷойи кор қарор дошта, ба мусофирону меҳмонон хизмат мерасонанд, барои заҳмат, садоқат ва масъулиятшиносиашон изҳори сипос намуд. Фаъолияти содиқонаи кормандони фурудгоҳ дар таъмини хизматрасонии босифат, фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар назди меҳмонони хориҷӣ нақши муҳим дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






