ВАҲДАТ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 23 ноябр дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Роғун бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва роҳбарону сокинон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдату Роғун хабар доданд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Ваҳдат бо маслиҳати мутахассисони соҳаи ниҳолпарварӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ беш аз 1500 бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида шуданд. Ин иқдом ба беҳтар намудани муҳити зист мусоидат мекунад.
Зимни раванди сабзазоркунӣ масъалаи муайян намудани ҳаҷми ниҳолҳои шинонида дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Бозорбой Бурунов ва Абдулло Абдувосиев ва ду канори шоҳроҳи Ваҳдат – Файзобод баррасӣ гардид. Ба масъулини соҳаи ҳифзи муҳити зист барои тақвият додани фаъолият ва назорати иҷрои корҳои пешбинишуда супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар шаҳри Роғун дар 3 гектар заминҳои кишоварзии деҳаи Деҳқонобод бунёди боғи нави себ оғоз гардида, ниҳолҳои хушсифати мевадиҳанда шинонида шуданд. Ин иқдом дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи амали он барои солҳои 2025–2027 дар шаҳри Роғун амалӣ гардид. Он ба истифодаи самараноки замин, беҳдошти муҳити зист, рушди боғдорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона гардидааст.
Дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ таъкид гардид, ки сабзазоркунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро шинонидани ниҳолҳо барои беҳбуди муҳити зист, беҳтар намудани сифати ҳаво, пешгирии таъсири омилҳои номусоиди иқлимӣ ва фароҳам овардани муҳити солиму зебо барои наслҳои имрӯзу оянда аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон ба масъулин тавсия дода шуд, ки ба парвариш ва нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳои шинонида диққати махсус диҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат ва Роғун
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






