Сешанбе, 24 ноябр 2026
Иҷтимоъ

Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд

Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори тоҷик Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 байни 63 номзаду дотсент аз 10 донишгоҳу академияи шаҳр ҷойи якумро сазовор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Беҳрӯз Табаров соли 2025 низ дар ҳамин озмун иштирок намуда, соҳиби ҷойи дуюм гардид. Имсол бо такмили дониш, таҷриба, маҳорати педагогӣ ва фаъолияти созанда ба қуллаи баландтар расида, ҷойи якумро соҳиб гардид. Ин пешрафти пайдарпай далели равшани иродаи қавӣ, мақсаднокӣ, масъулиятшиносӣ ва талоши ҳамешагӣ барои расидан ба муваффақият мебошад.

Беҳрӯз Табаров муаллифи беш аз 130 кори илмию таҳқиқотӣ буда, аз ин шумора — 2 китоби дарсӣ, 30 ихтирои калон, 7 барнома дар МЭҲ, 30 мақолаи илмӣ дар КОА ФР, 10 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои хориҷии “Scopus” ва “WebofScince” ва дигар мақолаҳои хурд мебошад. Беҳрӯз Табаров номзади илмҳои техникӣ, досент мебошад. Имрӯзҳо таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Вячеслав Соловев корҳои илмию таҳқиқотиро давом дода истодааст.

Беҳрӯз Табаров зодаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон буда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12 ва 2-и ноҳияи Ховалинг таҳсил намудааст. Баъдан, Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ намудааст. Ҳоло ӯ дар муҳити илмӣ ва таълимии шаҳри Хабаровск фаъолият дошта, бо дастовардҳояш номи Ватани хеш- Тоҷикистонро баланд мебардорад.

Ин муваффақият бори дигар собит месозад, ки ҷавонони тоҷик, новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи ҷаҳон фаъолият мекунанд, бо дониш, истеъдод, меҳнатдӯстӣ ва ҳисси баланди масъулият метавонанд дар байни мутахассисони кишварҳои дигар низ мавқеи арзанда пайдо намоянд.

Беҳрӯз Табаров ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Комсомолски Амур фаъолият намуда, ба корҳои илмӣ, таълимӣ ва омӯзгорӣ машғул мебошад.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj