Сешанбе, 24 ноябр 2026
Иҷтимоъ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии мардуми тоҷик дар таърихи давлатдории навини мамлакат мақоми хосса дорад. Яке аз иншооти муҳташаме, ки шукуҳу шаҳомати ин муқаддасоти миллиро таҷассум менамояд, ин  қомат афрохтани Парчами давлатии 165-метра дар маркази шаҳри Душанбе мебошад. Ин парчам имрӯз аз ҷумлаи баландтарин парчамҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

– 15 сол қабл, 30 августи соли 2011 дар 20-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими бошукуҳи барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Парчами давлатӣ бо садои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр парафшон гардид.

Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, баландии худи матои Парчам 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил дода, масоҳати умумии он 1800 метри мураббаъ мебошад. Пояи ин иншоот аз ҷониби корхонаи сохтмонии «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» бунёд карда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар маросими ифтитоҳ намояндаи китоби «Рекордҳои Гиннес», ки милаи Парчами миллии Тоҷикистонро расман ҳамчун баландтарин флагштоки дунё сабт кард, сертификат дар бораи баландтарин парчамро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани ин иншоот иброз доштанд, ки «баробари ворид шудан ба ин мавзеъ эҳсоси ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик боз ҳам бештар гардида, онҳо минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид шуда, бо муҳаббату садоқат ба Ватан барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлол саъю талоши бештар менамоянд. Ба ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд».

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон, ки дар маркази пойтахт бо шукуҳу шаҳомати хос парафшонӣ мекунад, барои ҳар шаҳрванди мамлакат рамзи ифтихор, сарбаландӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Он насли имрӯзаро ба ҳифзи истиқлолият, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамояд.

Дар Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шудааст, чунин омадааст: «Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон насб карда мешавад».

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои байналмилалӣ, имрӯз дар якчанд давлатҳои ҷаҳон сутунпояҳои баланди парчам сохта шудаанд, ки аз лиҳози баландӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор доранд. Аз ҷумла, баландтарин парчам дар Миср (Қоҳира) 201,952 метр, Озарбойҷон (Боку) 195 метр, Федератсияи Русия (Санкт-Петербург) 175 метр, Арабистони Саудӣ (Ҷидда) 171 метр, Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе) 165 метр, Кореяи Шимолӣ (Кижон-донг) 160 метр, Туркманистон (Ашқобод) 133 метр, Урдун (Ақаба) 130 метр, Покистон 123 метр ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (Абу-Забӣ) 123 метрро ташкил медиҳад.

«Боғи Парчами миллӣ»

«Боғи Парчами миллӣ» соли 2012 бунёд гардида, масоҳати умумии он 16,68 гектарро ташкил медиҳад. Ин мавзеи сабзу хуррам бо тарҳи меъморӣ ва ороиши хоси худ аз дигар боғҳои пойтахт фарқ намуда, ба яке аз маконҳои зебои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе табдил ёфтааст.

Боғ дорои ду дарвозаи мунаққаш буда, яке аз ҷониби Қасри миллат ва дигаре аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст. Баландтарин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамин боғ қомат афрохтааст, ки ба ҳусну шаҳомати ин мавзеъ шукуҳи хосса зам менамояд.

Дар атрофи Парчами давлатӣ кӯли бузурге ҷойгир мебошад. Барои дӯстдорони сайру гашт ва қаиқронӣ дар соҳили кӯл қаиқҳо омода карда шудаанд. Ҳамзамон дар ҳудуди боғ, ба хусус дар атрофи Парчами миллӣ фаввораҳои зебо бунёд карда шудаанд. Чароғҳои баландшиддати атрофи парчам низ шабона муҳити боғро бо равшании ҷолибу назаррабо оро медиҳанд.

Дар ҳудуди боғ майдони махсуси варзишӣ мавҷуд аст, ки дар маркази он муҷассамаи уқоби болкушода гузошта шудааст. Дар паҳлуи майдон барои фароғату саргармии кӯдакону наврасон панҷ теппачаи ба ҳам пайваст ва ҳашт манораи кандакоришуда сохта шудаанд. Инчунин барои баргузории мулоқоту чорабиниҳои фарҳангӣ, бозиҳо ва ҷашну маросим майдончаи мудаввари махсус пешбинӣ гардидааст.

Яке аз хусусияти ҷолиби боғ фаровонии дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг мебошад. Дарозии умумии роҳраву гулгаштҳои боғ то чор километрро ташкил медиҳад, ки барои сайру гашти сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам овардаанд.

Дар атрофи гулгашти бузурги боғ, дар назди Осорхонаи миллӣ 31 муҷассамаи шахсиятҳои барҷастаи таърихи миллати тоҷик қомат афрохтаанд. Дар қатори онҳо муҷассамаҳои Куруши Кабир, Ҷамшед, Шоҳи Каёниён, Шоҳи Кушониён, Низомулмулк, сарлашкари Суғд Шоҳ Ҳусейн, Шоҳи Хатлон, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигар шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ҷой доранд. Ин муҷассамаҳо бозгӯйи таърихи пурғановату фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик буда, ба фазои боғ мазмуни таърихию маърифатӣ мебахшанд.

Боғи Парчами давлатӣ бо фарогирии иншооти истироҳатӣ, муҳити сабзу хуррам, гулгаштҳои зебо ва муҷассамаҳои таърихӣ на танҳо макони дӯстдоштаи фароғати сокинону меҳмонони пойтахт, балки яке аз мавзеъҳои муҳими фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»  

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj