ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши занон дар рушди илмҳои глятсиология ва криосфера дар Тоҷикистон» конференсияи байналмилалӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳсор дорои захираҳои бузурги пиряхӣ буда, пиряхҳои он дар ташаккули захираҳои обӣ, таъмини мувозинати экологӣ ва амнияти обии минтақа нақши муҳим доранд. Имрӯз тағйирёбии иқлим, баландшавии ҳарорати ҳаво, коҳишёбии масоҳати пиряхҳо ва афзоиши хавфҳои марбут ба кӯлҳои пиряхӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими илмӣ ва экологӣ мебошанд.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи пиряхҳо, таҳқиқи равандҳои криосферӣ, истифодаи технологияҳои муосири мониторинг, маълумоти моҳвораӣ ва усулҳои моделсозии илмӣ вазифаи муҳими ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Дар иҷрои ин вазифаҳо саҳми занони олиму муҳаққиқ муҳим аст.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани мақоми занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмии мамлакат яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсил, фаъолияти касбӣ ва рушди истеъдоди занон заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ба таҳкими мавқеи занон ва баланд бардоштани саҳми онҳо дар рушди ҷомеа мусоидат менамояд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгирии занони олим, ҷалби духтарони лаёқатманд ба таҳқиқоти илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти эҷодии онҳоро яке аз самтҳои муҳими фаъолият медонад.
«Илми глятсиология ва криосфера соҳаи мураккабу масъулиятнок буда, таҳқиқоти саҳроӣ, омӯзиши барфу ях, муайян намудани тавозуни массаи пиряхҳо, таҳлили маълумоти метеорологӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсиониро талаб менамояд. Ҳоло бо рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, системаҳои иттилоотии ҷуғрофӣ ва зондкунии фосилавии Замин имконияти васеъ барои иштироки занон дар ин самтҳо фароҳам омадаанд»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо, ҳифзи захираҳои обӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт андешаҳояшонро баён намуданд.
Иброз гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самти ҳифзи муҳити зист ва захираҳои обӣ иштироки фаъолу масъулиятноки тамоми ҷомеа, аз ҷумла занони олим ва мутахассисро тақозо менамояд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj









