Панҷшанбе, 26 ноябр 2026
Варзиш

“ПСЖ” силсилаи 12 пирӯзии пайиҳамро қатъ кард

“ПСЖ” силсилаи 12 пирӯзии пайиҳамро қатъ кард

Бошгоҳи «ПСЖ» силсилаи 12 ғалабаи пайдарпайи худро дар ҳамаи мусобиқаҳо қатъ намуд. Дастаи шаҳри Париж дар бозии даври панҷуми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо бо «Рома» мусовӣ карда, вохӯриро бо ҳисоби 2:2 анҷом дод.

Дар даври шашуми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо «ПСЖ» рӯзи 8 декабр дар сафар бо «Астон Вилла» бозӣ мекунад. Дар ҳамин рӯз «Рома» дар майдони худ «Спортинг»-ро қабул менамояд.

Ёдовар мешавем, ки «ПСЖ» қаҳрамони феълии Лигаи чемпионҳо мебошад. Дар финали мавсими гузашта дастаи шаҳри Париж бо «Арсенал»-и Лондон рақобат карда буд.

Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ футболбозони «ПСЖ» бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда, бори дуюм пайиҳам соҳиби ҷоми қаҳрамонӣ гардиданд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj