ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм ва экстремизм 25 ноябр зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ибни Абдуллоҳ Аш-Шамронӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо инчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи таҷриба ва иттилоот, инчунин тақвияти ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат табодули афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳамкории муштарак ва истифодаи имконияти мавҷуда метавонанд дар муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир, ки хусусияти фаромиллӣ доранд, нақши муҳим дошта бошанд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






