Душанбе, 23 ноябр 2026
Ҳаводис

Байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни  Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Форуми мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум оид ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  ин агентӣ хабар доданд.

Маросими имзои санад дар шакли конфронси маҷозӣ  байни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул баргузор гардид. Ҳадафи асосии санад баланд бардоштани иқтидори миллӣ барои пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ–ядроӣ, муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи хатарноки марбут ба он мебошад.

Ин ҳуҷҷат барои рушди ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва техникӣ байни муассисаҳои соҳавии ду давлат заминаи мусоиди ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам оварда, ба таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавӣ, такмили технологияҳои муосири ошкорсозии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос равона гардидааст.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, муқовимат ба терроризму экстремизм, пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар ин замина рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея ҳамчун яке аз кишварҳои дорои иқтидори пешрафтаи илмию технологӣ метавонад ба таҳкими имконияти миллии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ мусоидат намояд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj