ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо иштироки беш аз 1000 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат ва маҳалҳои атрофи он Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин коллеҷ.
Роҳбарияти коллеҷ ба иштирокчиён оид ба таъриху фаъолияти муассиса, дастовардҳои назаррас, раванди таълиму тарбия, ихтисосҳои амалкунанда, имконияти идомаи таҳсил ва дурнамои рушди муассиса маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва афзоиши талабот ба мутахассисони дорои донишҳои муосир, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои омор, ҳисобдорӣ, молия, бонкдорӣ, технологияҳои рақамӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт аҳамияти хосса дорад.
Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо назардошти талаботи бозори меҳнат барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисодиёти муосир пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҳамзамон ба хонандагон шароити таълим дар синфхонаҳои барҳаво, озмоишгоҳҳои соҳавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва компютерӣ, китобхона, имконияти истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва дигар инфрасохтори муассиса муаррифӣ карда шуданд.
Хонандагон бо фаъолияти кафедраҳо, омӯзгорони соҳибтаҷриба, усулҳои муосири таълим ва имконияти рушди донишҳои назариявию малакаҳои амалии донишҷӯён шинос шуданд.
АКС: Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj









