Имрӯз, 26 ноябр мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 бозии навбатии худро анҷом медиҳад.
Дар гурӯҳи «F» рақиби мунтахаби мо тими миллии наврасони Сенегал мебошад. Вохӯрӣ дар майдони №7-и маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Мунтахаби то 17-солаи Сенегал яке аз рақибони пурқуввати Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 ба ҳисоб меравад. Ин даста на танҳо намояндаи футболи Африқо, балки қаҳрамони қитъаи Африқо дар ин синну сол мебошад.
Барои Тоҷикистон бозӣ бо Сенегал имтиҳони ҷиддӣ аст, зеро рақиб аз ҷиҳати қувваи ҷисмонӣ, суръати футболбозон ва таҷрибаи мусобиқаҳои қитъавӣ имкониятҳои хуб дорад.
Сенегал дар солҳои охир ба яке аз марказҳои муҳими тарбияи футболбозони ҷавон дар Африқо табдил ёфтааст. Академияҳои футболи ин кишвар бозигаронеро омода мекунанд, ки баъдан ба бошгоҳҳои Аврупо роҳ меёбанд.
Сенегал соли 2023 бори аввал дар таърихи худ Ҷоми миллатҳои Африқо миёни дастаҳои то 17 соларо ба даст овард. Соли 2026 бошад, сенегалиҳо қаҳрамони Африқо шуда, бо ин дастовард ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳхат гирифтанд. Тими Сенегал дар Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни дастаҳои то 17 сола се маротиба иштирок кардааст ва беҳтарин натиҷааш роҳ ёфтан ба даври 1/8 финал дар солҳои 2019 ва 2023 мебошад.
Роҳбари мунтахаби наврасони Сенегал Ламин Сане мебошад. Ӯ бо ин насл ба мусобиқаи ҷаҳонӣ ҳамчун қаҳрамони Африқо омадааст. Вазифаи асосии ӯ сохтани дастаи муназзамест, ки метавонад аз бартарии ҷисмонӣ ва суръати футболбозони сенегалӣ самаранок истифода барад.
Эл Ҳоҷӣ Иброҳима Соу аз футболбозони ҷолибтарини ин ҳайат мебошад. Ӯ бо техникаи хуб, қобилияти нигоҳ доштани тӯб, дидани вазъияти майдон ва додани пасҳои амудӣ фарқ мекунад. ФИФА ӯро ҳамчун бозигаре муаррифӣ кардааст, ки на танҳо дар ташкили ҳамла, балки дар баргардонидани тӯб ва муборизаҳои тактикӣ низ фаъол аст.
Сега Мбоҷи яке аз бозигарони хатарноки хатти ҳамла. Ӯ дар бозии аввал муқобили Хорватия ба майдон баромада, дар натиҷаи мусовӣ нақш дошт. Иброҳим Дионе дар бозии муқобили Куба (9:0) ду гол зад ва нишон дод, ки дар назди дарвозаи рақиб хеле хатарнок буда метавонад.
Мунтахаби мо дар бозии аввал бар Куба панҷ гол зад ва нишон дод, ки имкониятҳои хуби ҳамлавӣ дорад. Мутаассифона, дар бозӣ бо Хорватия (4:0) муҳофизат устувор набуд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз 12 гурӯҳ ду дастаи беҳтарин мустақиман ба даври 1/16 ниҳоӣ мебароянд. Ҳамчунин, ҳашт дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм роҳхат мегиранд. Ҳамин тавр, аз 48 даста 32 мунтахаб ба марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.
Агар Тоҷикистон ғалаба кунад, пас бо 6 имтиёз роҳхатро ба даври баъдӣ мустақиман таъмин мекунад. Ҳатто имкони гирифтани ҷойи аввал дар гурӯҳ вуҷуд дорад. Агар Тоҷикистон мусовӣ кунад, пас бо 4 имтиёз эҳтимолан ҷойи сеюмро мегирад. Дар ин ҳолат имкони гузаштан ба даври 1/16 ниҳоӣ тавассути ҳашт дастаи беҳтарини ҷойи сеюм хеле воқеӣ мешавад. Аммо кафолати пурра нест. Агар Тоҷикистон мағлуб шавад, пас эҳтимол дар ҷойи сеюм мемонад, вале бо назардошти фарқи манфии голҳо (-2 пеш аз бозӣ) имкони гузаштан аз гурӯҳ камтар мешавад. Натиҷаҳои дигар гурӯҳҳо низ аҳамият пайдо мекунанд.
Ҳамин тавр, мунтахаби мо низ барои мубориза кардан ангезаҳои зиёд дорад. Пирӯзии 5:3 бар Куба дар бозии аввал нишон дод, ки футболбозони ҷавони Тоҷикистон тавони ҳамлаҳои натиҷабахшро доранд. Ҳоло муҳим он аст, ки онҳо хатоҳои бозӣ бо Хорватияро такрор накунанд.
Барои наврасони мо ин бозӣ дар мубориза барои роҳхат ба марҳилаи баъдии мусобиқа аҳамияти ҳалкунанда хоҳад дошт.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






