Пас аз анҷоми бозии даври 22-юми чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Истаравшан», ки бо ҳисоби 8:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт, маросими расмии ҷоизасупорӣ ба қаҳрамони кишвар баргузор гардид.
Дар ин бозӣ гекса-трики Муҳаммадҷон Раҳимов ғалабаи бузурги «Истиқлол»-ро дар баробари «Истаравшан» таъмин намуд. «Истиқлол» бори 15-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд ва Муҳаммадҷон Раҳимов беҳтарин нишонзани мавсими имсолаи Лигаи олӣ бо 12 гол гардид.
Ба футболбозон, ҳайати мураббиён, кормандони маъмурӣ ва роҳбарияти бошгоҳи «Истиқлол» ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло тақдим карда шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев иштирок намуданд.
Бо ин дастовард «Истиқлол» бори 15-ум қаҳрамони Тоҷикистон гардид. Қаблан дастаи Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2023, 2024 ва 2025 унвони қаҳрамониро ба даст оварда буд.
Ҳамчунин, бо пирӯзӣ дар чемпионати Тоҷикистон-2026 бошгоҳи «Истиқлол» ҳуқуқ пайдо кард, ки кишварро дар марҳилаи муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2027/28 намояндагӣ намояд.
Медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни ҷавонон ҳам ба ҳайати захиравии дастаи «Истиқлол» супорида шуданд.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






