Дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи элитаи қаҳрамонҳои Осиё бар тими «Ал-Садд»-и Қатар бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст овард. Вохӯрӣ рӯзи 24-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуда, бо ғалабаи мизбонон анҷом ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 13-уми бозӣ Криштиану Роналду аз зарбаи пеналтӣ кушод. Ҷолиб он аст, ки худи футболбози португалӣ ин пеналтиро ба даст оварда буд. Ин голи 987-уми Роналду дар корномаи футболии ӯ ба ҳисоб меравад.
Аммо «Ал-Садд» ҳамагӣ баъди нӯҳ дақиқа тавонист ҳисобро баробар кунад. Муҳаммад Ваад ба задани гол муваффақ шуд. Вале ҳамин футболбоз дар вақти иловашудаи нимаи аввал барои туф кардан ба тарафи бозигари ҳариф корти сурхи мустақим гирифт ва майдонро тарк кард.
Дар нимаи дуюм «Ал-Наср» аз бартарии ададии худ истифода бурд. Дар дақиқаи 52-юм Жоау Феликс бо зарбаи зебои акробатӣ (усули қайчӣ) аз наздикии хатти ҷаримавӣ тӯбро вориди дарвозаи ҳариф карда, ғалабаи дастаи худро таъмин намуд.
Ҳамин тариқ, «Ал-Наср» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, боз як ғалабаи муҳимро дар Лигаи элитаи қаҳрамонҳои Осиё ба даст овард. Барои Криштиану Роналду бошад, ин голи 987-уми корномаи касбиаш буд ва ӯ ба марзи таърихии 1000 гол боз ҳам наздиктар шуд.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






