РӮДАКӢ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пахта зироате аст, ки онро бештар барои нах парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Пахтакорӣ яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойи фаровони кор барои мардум мебошад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 январи соли равон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд. Сарвари давлат ҳамчунин ба масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ доир ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ супоришҳои қатъӣ доданд, то ба истеҳсоли пахта диққати ҷиддӣ дода шавад.
Сариқтисодчии Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ Фазлиддин Ҳакимов иброз дошт, ки ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ноҳия дар 15 ҳазору 850 гектар зироати гуногун кишт намуданд. Аз он 9548 гектарро ғалладона ва лубиёгиҳо, 1796 гектарро зироати техникӣ, 914 гектарро сабзавот, 61,6 гектарро полезӣ, 3016 гектарро зироати хӯроки чорво, 351 гектарро пахта ва 513 гектарро картошка ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Раёсати Агентии омор дар ноҳияи Рӯдакӣ, то 20 ноябри соли 2026 дар ноҳия 417,1 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Он ба 69,5 фоизи нақша баробар буда, ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳия идома дорад.
Сариқтисодчии Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ доир ба мушкилоти оби полезӣ гуфт, ки «аз сабаби паст гардидани маҷрои дарёи Кофарниҳон соли равон дар ҳама ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ин мушкилӣ ба назар расид. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур дар 40 гектар чигит кишт карда шуд, вале деҳқонон аз сабаби нарасидани оби полезӣ ҳосили дилхоҳ гирифта натавонистанд. Нақшаи ҷамъоварии пахта дар ин ҷамоат 68,8 тоннаро ташкил медиҳад, ки то 20 ноябри соли равон 38,1 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳамчунин дар ин ҷамоати деҳот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Фирдавсӣ» дар 20 гектар чигит кишт карда шуд, вале, мутаассифона, аз сабаби нарасидани оби полезӣ танҳо 9,6 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Дар ҳолате, ки нақшаи ҷамъоварии пахтаи ин хоҷагӣ 34 тонна мебошад ва хоҷагии мазкур аз нарасидани оби полезӣ зарар дид».
Хоҷагии деҳқонии «Мадина» дар деҳаи Кишоварзи Ҷамоати деҳоти Зайнабобод воқеъ аст. Тибқи иттилои раиси ин хоҷагӣ Муҳаммадҷон Шоев, соли 2026 дар 2 гектар чигит кишт карда шуд. Бинобар мушкилоти оби полезӣ ба майдони пахта ҳамагӣ як маротиба ба таври нопурра об дода шудаасту халос. Аъзои хоҷагӣ то имрӯз ҳамагӣ як тонна пахтаи сабуки пастсифат ҷамъ кардаанд, ки аз сабаби пуч будани пунбадонааш онро заводи пахтатозакунӣ қабул намекунад.
Муҳаммадҷон Шоев гуфт, ки «вақте барои таъмини оби полезӣ ба Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудем, ваъда доданд, вале об наомад. Дар ҳолате, ки хоҷагии мо аз маблағи истифодаи об қарздор нест ва соли равон 2200 сомонӣ мо пардохт кардему дар баробари кишти чигиту дигар хароҷоти замин зиёда аз 25-30 ҳазор сомонӣ зарар дидем. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки имсол гандум кишт намоем, чунки он бо оби борон ҳам месабзад».
Муҳаммадҷон Шоев иброз дошт, ки «дар ҳолати пурра бо оби полезӣ таъмин будан пахтакорӣ яке аз сердаромадтарин соҳа мебошад. Соли 2006, ки каналҳо пур аз об буд, мо дар зиёда аз 20 гектар чигит кишт менамудем ва фоидаи хуб ба даст меовардем. Дар ҳолати набудани об барои сокинон на кор мешавад, на хӯроки чорво ва на ғӯзапоя. Ҳамчунин хоҷагидорон зарари ҷиддӣ мебинанду аз ҳосили яксолаи замин ноумед мешаванд».
Ҷамоати деҳоти Зайнабобод дар саргаҳи каналҳои ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад. Тибқи иттилои масъулини ҷамоат, имсол қариб 200 гектар заминҳои корами обӣ аз норасоии оби полезӣ мушкилӣ доштанд. Тобистони имсол деҳаҳои Кишоварз, 8 март ва Ҳасанобод аз норасоии оби канали Куктоши поён ва Куктоши боло мушкилии ҷиддии оби полезиро доштанд.
Хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Зайнабобод имсол дар 56,5 гектар чигит кишт карданд. То 20 ноябри соли равон 59 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 61,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки масъулият ҳис намуда, барои бартараф кардани мушкилоти чандинсолаи норасоии оби полезии заминҳои корами обии ноҳия тадбир андешанд. Ҳамзамон барои паст гардидани маҷрои дарё дар сарбандҳои каналҳои калони ноҳия роҳҳои гуногунро истифода намуда, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳияро бо оби полезӣ таъмин намоянд, то деҳқонон ҳосили фаровон ба даст оварда, аз кишти зироати гуногуни кишоварзӣ зарар набинанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
ДАР АКС: заминҳои Хоҷагии деҳқонии «Мадина»-и деҳаи Кишоварзи Ҷамоати деҳоти Зайнабобод
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






