Чоршанбе, 25 ноябр 2026
Хабарҳо

Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд

Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд 4 километр роҳҳои маҳаллаҳои 14–15-ум мумфарш гардида, хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то 6 метр васеъ ва кӯчаи Ҳаким Карим пурра асфалтпӯш карда мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ин тадбирҳо бо мақсади бартараф кардани танбашавии нақлиёт ва осон намудани рафтуомади сокинон амалӣ мегарданд.

Тибқи нақшаи ободонӣ, дар кӯчаи Ҳаким Карим қисмати роҳ аз буриши кӯчаи Камоли Хуҷандӣ то Қалъаи Хуҷанд бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ пурра мумфарш гардид. Қисмати боқимондаи он барои асфалтпӯшӣ омода буда, дар назар аст, ки кӯча пурра чароғон карда шавад.

Дар хиёбони Рифъат Ҳоҷиев роҳ аз буриши хиёбони Исмоили Сомонӣ ба самти микроноҳияҳои 8–12 то 6 метр васеъ карда мешавад. Корҳои васеъсозӣ аллакай то мавзеи «Ҷумъабозор» анҷом ёфта, танбашавии нақлиёт дар ин қисмат бартараф карда шудааст. Дар айни замон корҳо то боғи «Ғалаба» идома доранд ва дар канори роҳ сабзу хуррамгардонӣ низ анҷом мешавад.

Ҳамчунин бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Баҳром Фирӯз ва кӯчаҳои ҳамшафати маҳаллаҳои 14–15 дар 40 100 метри мураббаъ (ба масофаи умумии 4 километр) роҳҳо пурра мумфарш карда мешаванд. Дар канори ин роҳҳо барои пиёдагардон ҷӯйборҳо ва пайроҳаҳо низ сохта мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj