Чоршанбе, 25 ноябр 2026
Иҷтимоъ

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 25.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати имрӯза таъминоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бо маводи асосии ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, картошка, меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ ба пуррагӣ таъмин буда, дар ин самт мушкилот вуҷуд надорад. Ин матлаб имрӯз зимни ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, ки бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин роҳбарони вазорату кумитаҳо тариқи маҷозӣ доир шуд, баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа масъалаи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтаззам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа нахуст муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот дод. Сипас Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтаззам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ахборот дод.

Дар ҷаласа ҳамзамон ахбороти раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят вобаста ба ин масъала шунида шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар анҷоми ҷаласаи маҷозӣ ба раиси ВМКБ, аъзои ситоди вилоятӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ҷиҳати бомуваффақият гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 вазифадор намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj