ДУШАНБЕ, 25.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки масъулони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор шуд, ки дар он рафти татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои амалисозии тадбирҳои пешбинигардида дар самти муқовимат ба коррупсия, риояи талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва дар ин самт баланд бардоштани масъулияти кормандон муҳокима карда шуд.
Таъкид гардид, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор рафта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тақозо менамояд, ки дар тамоми сохтору муассисаҳо тадбирҳои муассири пешгирикунанда роҳандозӣ карда шаванд.
Иброз гардид, ки татбиқи пайгиронаи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои он, таъмини шаффофият дар фаъолияти сохторҳо ва риояи интизоми хизматӣ аз омилҳои муҳими пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошанд.
Ҳамзамон, ба зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, тақвияти назорати дохилӣ, истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Гуфта шуд, ки ҳар як корманд бояд дар фаъолияти касбии худ талаботи қонунгузориро риоя намуда, барои таъмини шаффофият, адолат ва масъулиятшиносӣ саҳми муносиб гузорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон зуҳуроти коррупсия ва ҳама гуна амалҳои ба он алоқамандро маҳкум ва зарурати тақвияти ҳамкории сохторҳои дахлдорро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъкид намуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






