Чоршанбе, 25 ноябр 2026
Иқтисод

Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд

Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд

ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ба занони соҳибкору ҳунарманд барои татбиқи лоиҳаҳои соҳибкорӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ гранти раиси вилоят тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Соли 2026 аз буҷети вилояти Суғд барои дастгирии ташаббусҳои занон дар маҷмуъ 560 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Аз ин маблағ 20 нафар соҳиби грант ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ, 20 нафар соҳиби грант ба миқдори 8 ҳазор сомонӣ ва 40 нафар соҳиби грант ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ шуданд.

Ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии занону духтарон, рушди соҳибкорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ грантҳо ҷудо карда мешаванд. Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ба ташаббусҳои занон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, маблағҳои заруриро ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва тавсеаи ҳунармандӣ равона менамояд.

Татбиқи лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи занон, ки тавассути озмун қабул гардидааст, ба таъсиси ҷойи нави кор, ҷалби бештари занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунар, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj