Панҷшанбе, 26 ноябр 2026
Сиёсат

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзноманигори озарбойҷонӣ ва муаллифи барномаҳои телевизионии сайёҳӣ «Oralar», раиси Ассотсиатсияи блогерҳои сайёҳии Озарбойҷон Азер Гариб бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон сафар намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар медиҳад, дар натиҷаи ин сафар аз ҷониби ӯ барномаи телевизионии «Oralar: Tacikistan» («Он диёрҳо: Тоҷикистон») таҳия гардид. Барнома ба имконияти сайёҳии Тоҷикистон, мероси ғании фарҳангиву таърихӣ ва табиати зебои он бахшида шудааст.

Барномаи мазкур дар ду қисм тавассути телевизиони давлатии Озарбойҷон  AzTV пахш гардид.

Барномаро метавонед тавассути пайвандҳои зерин тамошо кунед:

Қисми 1. https://www.youtube.com/watch?v=AWNAgRcl-NQ

Қисми 2. https://www.youtube.com/watch?v=GoRc0rMFPhI

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj