Шанбе, 28 ноябр 2026
Хабарҳо

Дар Душанбе 30 микроавтобуси барқӣ — «е-Мусича» ба хизматрасонии мусофирон оғоз карданд

Дар Душанбе  30 микроавтобуси барқӣ — «е-Мусича» ба хизматрасонии мусофирон оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии 30 адад микроавтобуси нави барқии «е-Мусича» баргузор гардид. Ин иқдом дар доираи  татбиқи ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои гузариши  марҳилавии нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба низоми барқӣ амалӣ шуда, ба рушди  нақлиёти муосир, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҳифзи муҳити зист  равона гардидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Лоиҳаи озмоишии «е-Мусича» бо дастгирӣ ва иштироки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ба роҳ монда шуда, ҳадафи он омӯзиши  имкониятҳои истифодаи микроавтобусҳои барқӣ дар шароити воқеии шаҳри Душанбе ва муайян намудани дурнамои истеҳсоли чунин воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон мебошад.

30 микроавтобуси барқӣ барои санҷиш дар шароити шаҳр 

Бо мақсади татбиқи лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» 30 адад  микроавтобуси барқӣ аз истеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ шудааст. Дар доираи он воситаҳои нақлиёти ширкатҳои CRRC, Zhongtong, King Long, FOTON ва SAIC мавриди санҷиш қарор мегиранд.

Ин микроавтобусҳо вобаста ба модел дорои ғунҷоиши гуногуни мусофиркашонӣ буда, бо технологияҳои муосир, аз ҷумла низоми муайянкунии мавқеи ҷуғрофӣ (GPS), камераҳои назоратӣ, дарҳои автоматӣ ва низоми танзими иқлими дохили салон муҷаҳҳаз мебошанд. Низоми гармидиҳӣ дар фасли зимистон ва хунуккунии салон дар фасли тобистон барои фароҳам овардани шароити мусоид ба мусофирон пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои мусофироне, ки имкони истифодаи корт ё ҳамёни электрониро надоранд, низоми гирифтани чиптаи яксафара пешбинӣ шудааст.

Тавассути валидатори махсус бо пахши тугмаи «Барои як сафар» дар муддати 1–2 сония чиптаи коғазӣ ба таври худкор чоп мешавад. Ҷорӣ намудани низоми пардохти электронӣ ба осон ва шаффоф гардидани пардохти роҳкиро, назорати хароҷот ва коҳиш додани муомилоти нақдӣ мусоидат менамояд.

Инчунин тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, наврасони аз 7 то 10-сола бо истифода аз корти дорои тарофаи «Наврас» аз тахфифи 50-фоиза бархӯрдор мегарданд. 

Ҳадаф — рушди истеҳсоли нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон 

Лоиҳаи «е-Мусича» танҳо ба озмоиши микроавтобусҳои воридотӣ маҳдуд намешавад. Яке аз ҳадафҳои асосии он муайян намудани модели аз лиҳози техникӣ, иқтисодӣ ва истифодабарӣ мувофиқ барои ба роҳ мондани истеҳсол ё васли маҳаллии микроавтобусҳои барқӣ дар заминаи иқтидорҳои истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто  Автоматив Индастри» мебошад.

Бо ба даст омадани натиҷаҳои мусбати санҷишҳо, масъалаи ташкили истеҳсоли силсилавии микроавтобусҳои барқӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ин метавонад барои рушди саноати автомобилсозии ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти воситаҳои нақлиёти тайёр имкониятҳои нав фароҳам оварад.

Ҳамчунин натиҷаҳои лоиҳа дар оянда метавонанд барои навсозии марҳилавии парки микроавтобусҳои дизелии шаҳри Душанбе ва густариши истифодаи нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ замина гузоранд.

Лоиҳаи «е-Мусича» ба ҳадафҳои «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ шудааст, мутобиқат дорад.

Татбиқи чунин ташаббусҳо дар самти ташаккули низоми нақлиёти ҷамъиятии муосир, каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ тоза қадами муҳим буда, барои беҳтар намудани вазъи экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ дар пойтахт мусоидат хоҳад намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj