ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Бейрут мулоқотҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон Зубайдулло Зубайдзода бо директори Департаменти масъалаҳои байналмилалӣ Алин Юнис ва директори Департаменти ташрифоти Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Ҷумҳурии Лубнон Рола Нуриддин баргузор гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон хабар медиҳад, зимни мулоқотҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон, роҳҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши робитаҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду мамлакат ва тақвияти ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, баргузории машваратҳои сиёсӣ, табодули ҳайатҳо ва масъалаҳои ташрифотию ташкилии марбут ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ зоҳир гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






