Шанбе, 28 ноябр 2026
Фарҳанг

Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад

Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабри соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва 100-солагии Анҷумани якуми муассисони умумитоҷикии шуроҳо конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конференсия бо ташаббуси  Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии академия доир гардида, дар он фаъолияти сиёсӣ ва давлатии Нусратулло Махсум дар солҳои 1920–1933, саҳми арзишманди арбоби сиёсию давлатӣ  дар шинохти тоҷикон, аҳамияти таърихии Анҷумани якуми муассисони умумитоҷикии шуроҳо, саҳми Пешвои миллат дар абадӣ гардонидани номи Нусратулло Махсум, ба Ватан баргардонидани фирориён, тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Марказӣ ва натиҷаҳои он ва саҳми Нусратулло Махсум дар фатҳи водии Вахш мавриди баррасии олимону муҳаққиқон қарор дода мешаванд.

Инчунин дар мавзуъҳои «Ҳаёти ибратбахши Нусратулло Махсум», «Нусратулло Махсум ва масъалаи озодии занони тоҷик», «Қадрдонӣ ва зинда гардонидани номи Нусратулло Махсум дар замони истиқлол», «Саҳми фарзандони Нусратулло Махсум дар рушди илми Тоҷикистон», «Корномаи Нусратулло Махсум ва аҳамияти он дар тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон» ва ғайра маърузаҳо пешниҳод мегарданд.

Бояд гуфт, ки Нусратулло Махсум яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шуравӣ, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, нахустин роҳбари Тоҷикистон буда, 1 июли соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қизии вилояти Ғарм (Бухорои Шарқӣ) ба дунё омадааст.

27 июни соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзандаи ин фарзанди баруманди миллати тоҷик қадрдонӣ гардида, ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

19 майи соли равон бо иқдоми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки оромгоҳи Нусратулло Махсум аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj